Муошират дар синни наврасӣ
Муоширати байни одамон шароити зарурии ҳаёти иҷтимоӣ ва индивидуалии одамон ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи иҷтимоӣ ва таҷрибаи ҳамарӯза шаҳодати он аст, ки маҳдуд будани шахсият аз ҷомеа, маҳрум будан аз муошираи якдигар хусусиятҳои ва сифатҳои иҷтимоии инсон гум мешавад. Ягон нафар аз ноомадӣ, талафот, изтиробнокӣ, асабӣ эмин нест ва сабабҳои он на таъсиротҳои беруна, балки тарзи муошират накардан, бо якдигар созиш карда натавонистан мебошад. дар ин ҷо “гигиенаи муоширати байни якдигарӣ”лозим аст. касе онро иҷро карда натавонад, бо мухолифатҳо, норозигӣ аз якдигар вомехӯрад. Дар натиҷа стерсси эмотсионалӣ, ки ба саломатӣ ва психикӣ таъсири худро мерасонад. Тарзи муоширати одамон вобаста ба синну сол гуногун мебошад, акнун муоширати синни наврасиро дида мебароем.
Хусусиятҳои фарқкунандаи ин синну сол ин майли бо ҳамсолон муошират кардан , аз калонсолон каме аз ҷиҳати иҷтимоӣ- психологӣ дур шудан, ба гурӯҳҳои русти дӯстон муттаҳид шудан мебошад. сабаби ба чунин гурӯҳҳо шомил шудани наврасон дар он аст, ки онҳоро чунин масъалаҳои актуалӣ пайдо мешавад, ки онҳо танҳо бо ҳамсолони худ онро рӯи рост муҳокима кардан метавонанд. Бо воситаи муошират наврас бо ҳамсолони худ мақсадҳои ҳаётӣ арзишҳоро меомӯзанд, дар натиҷаи бо якдигар дар ҳар гуна ролҳо алоқа намудан сифатҳои кориро ташаккул медиҳанд. Баъзан зиёд будани иттилоот аз тарафи ҳамсолон дар натиҷаи нодуруст дарк намудан, оқибатҳои манфӣ ҳам дорад. дар рафти муошират байни наврасон муттаҳидӣ ва якдигарро дастгирӣ намудан на танҳо ӯро “аз автономӣ аз калонсолон” осон мегардонад, инчунин барои ӯ фони мусбии эмотсионалӣ ва мустаҳкамӣ фароҳам меоварад.
Маълум аст, ки муоширати ҳайрирасмӣ дар кӯча, маҳалла ба ташаккулёбии наврас нисбат ба гурӯҳҳои расми ба монандӣ: коллективи синф, мактаб таъсири худро мерасонад. Мисол, сардори синф барои наврас нисбат ба сардори бачаҳо дар кӯча он қадар авторитет надорад. Натиҷаи мушоҳидаҳо дар коллективи хонандагон нишон дод, ки бисёрии наврасон бо меъёрҳои муошират дар синф, муассисаи таълимӣ қаноатманд нестанд. Сардори синф асосан аз тарафи омӯзгор интихоб карда мешавад ва на ҳама вақт дар байни хонандагон мавқеъ дорад. Дар гурӯҳҳои ғайрирасмӣ муошират намудан барои ташаккули сифатҳои иҷтимоӣ психологӣ ёрӣ мерасонад. Онҳо барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ, шавқу рағбат, арзишҳои худ муттаҳид мешаванд. Муошират дар синни наврасӣ яке аз мактабҳои муҳим ва зарурӣ барои худтарбиякунӣ мебошад, ки ӯ ба ин масъала бештар аҳамият медиҳад. Норасогии муошират байни падару модарон ва наврас аз шумораи аъзоёни оила низ вобаста аст. Тарзи муошират дар оила малакаҳои иҷтимоиро ташаккул медиҳад, ки барои наврас ба ҳаёти мустақил гузаштан зарур аст. дар бораи сифатнокии муошират дар оила ва берун аз он аз маданият, урфу одати маҳал , шароити зисти ҷомеа вобаста аст. Наврасони дараҷаи пасти реаетивнокии эмотсионалӣ дошта (сустигӣ ё реаксияи ғайри муқаррарӣ ба таъсироти беруна) муоширатнок нестанд. Онҳо бештар изтиробнок, асабӣ, дар муошират беҷуръат, ки он яке аз хусусиятҳои гузариши синни наврасӣ мебошад.
Тавсияҳо:
Танҳо тариқи муошират ба ҷаҳони ботинии шахс шароити психологӣ фароҳам оварда мумкин аст. Наврасон ба ёрии калонсолон ниёз доранд, гарчанде худашон онро дарк намекунанд ва барои дастгирии калонсолон инчунин кӯшиш ҳам намекунанд. Наврасон тарзи муошират ва идораи фармонфармоиро дар раванди муошират, ки аз тарафи калонсолон мешавад, бепарво ҳастанд. Онҳо мехоҳанд то нисбати онҳо иззату эҳтиром буда, меҳрубонии боақлонаро қабул мекунанд.
Бӯҳрони ботинии наврас бештар дар давраи инкишофи ҷисмонӣ ва раванди ба балоғатрасӣ меафзояд. Маҳз дар ҳамин вақт талабот ба муошират дар наврас хеле зарурӣ мегардад, ки ӯро танҳо ҳамсолаш фаҳмида метавонад. Наврас мехоҳад он ҳиссиётҳо, он дигаргуниҳое, ки дар психология ва ҷисмӣ ӯ ба вуҷуд омада истодааст бо ҳамсолаш баҳсу мунозира кунад.