Муаммоҳои психологии наврас
Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки 50% вайроншавии психикӣ, ки калонсолон азият мекашанд, маҳз дар синни 14 солагӣ ба вуҷуд меояд. Дар синни наврасӣ бештар муаммоҳои психологӣ сар мезанад. Аз ҳамин сабаб агар дар наврас ивазшавии табъ,бехобӣ ё беиштиҳо мушоҳида карда шавад, бояд ба мутахассис муроҷиат кард.
- Дар наврас муаммои худбаҳодиҳӣ ё ба худбоварии баланд шуданамш мумкин аст. худбаҳодиҳии баланд ё паст бештар аз сабаби симои беруна ё тани ӯ шуданаш мумкин аст.
- Хониши ғайри қаноатмандӣ ва дараҷаи пасти ақлӣ ба мароми наврас таъсир мекунад.Дар онҳо ҳиссӣ “на он қадар хуб” дида мешавад.
- Яке аз сабабҳои паҳншудаи муаммои психологии синни наврасӣ ин ба депрессия гирифтор шудани онҳо мебошад.
- Аз сабаби стрессҳои зиёд дар онҳо изтиробнокӣ ва ивазшавии табъ ба вайроншавии рафтор ва зиддияти нисбат ба калонсолон оварда мерасонад.
- Вайроншавии иштиҳо низ бо муаммоҳои психологӣ алоқаманд аст, ин худбаҳодиҳии паст ва кӯшиши дигаргун намудани намуди зоҳирии худ мебошад.
Тавсияҳо:
Гарчанде ивазшавии табъ дар наврасон бештар дида мешавад, он танҳо ба муаммои психологӣ гирифтор шудан шаҳодат намедиҳад. Муайян намудани симптомҳои чунин муаммоҳо мумкин осон набошад, баъзан ёриӣ ва дахолати мутахассисро талаб мекунад.
Тавсияҳо:
- Бисёр вақт сӯҳбатҳо дар бораи тарзи ҳаёти солим ва муаммоҳои онҳо ба наврасон маъқул нестанд, бештар худро дур мекунанд ё умуман гап намезананд.
- Агар ивазшавии табъ тез- тез шуда истад, пас ба мутахассис муроҷиат кардан лозим аст.
- Баъзан наврас дар хона худро бад ҳис карда, нисбати наздикон муносибати дағалона дорад, вале дар байни дӯстон, рафиқон хеле хуб ҳис мекунад. Пас муамморо дар муносибати байни оилавӣ дидан лозим аст.
- Ҳиссиётҳои наврасро агар инкор карда шаванд, он вазъиятро мураккабтар карданаш мумкин аст.
- Бо наврас сӯҳбат кардан лозим аст, аз ҳама ҷои хуб барои он машина мебошад, зеро рӯ ба рӯ нестем.