г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Вобастагии телефонӣ дар наврасон

Вобастагии телефонӣ дар наврасон

Аз падару модарон мепурсем : “Наврас чӣ қадар вақт бо телефон машғул аст?” Ҷавобҳо гуногунанд: “Бисёр вақт, шабона то соати 1 – 2 бо телефон банд аст”, “Баъзан хоб ҳам намекунад”.

Смартфон қисми асосии ҳаёти наврасон шуда истодааст: бозиҳо, хондан, муошират бо дӯстон тариқи интернет. Баъзан барои наврас интернет он чизе , ки ӯ дорад.

Сабабҳои ба интернет дода шудани наврасон

  Кӯдакони замонавӣ баъди дарс ба машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳо, варзишгоҳҳо мераванд ва дар таҳти назорати калонсолон ҳастанд. Имконият медиҳад, ки  дар ҷаҳони вертуалӣ  худро озод ҳис кунад – “ин ҷое, ки бо  чизҳои  ба ман маъқулбударо  чӣ хоҳам мекунам”. Чӣ қадар назорати сахт ва талаботи баланд бошад, ҳамон қадар наврас ба ҷаҳони вертуалӣ фурӯ меравад.

  Хабарҳои барзиёд, стресс  такон медиҳад то наврас ба бозиҳои шавқовар дода шавад. Ҳамин ҳолатро мо дар калонсолон низ дида метавонем, дар вқти мондашавӣ, бехобӣ  мо ба тезӣ ба телефон дода мешавем.

 Муаммои по банд  будан ба телефонҳо  имконият намедиҳад, ки инсон қувваҳои худро барқарор кунад  ба мисоли , дамгирӣ дар табиати зебо ё муоширати самимӣ бо дӯстони наздик, баракс системаи асаб хароб шуда, мондашавӣ ва изтиробнокӣ зиёд мегардад.

Норасогии муоширати зинда ва набудани шахси наздик бо шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои гуногуни интернетӣ ҷуброн карда мешавад. Дар ин ҷо  бемалол дӯстон пайдо мекунӣ, худро ҳар хел фантазияҳо қаҳрамон нишон дода, худро озод ҳис мекунӣ.

Нишонаҳои ба  телефон вобаста будани наврас

Агар наврас:

  • Бо гаджетҳо зиёда аз 4- 5 соат дар як шабонарӯз вақти худро гузаронад;
  • Дар натиҷаи шабона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ,бехобӣ дида мешавад;
  • Наврас бо ҳамсолон муошират намекунад, ба ҷои маҳфил ё сексияҳо рафтан, бештар бо гаджетҳо вақти худро мегузаронад;
  • Дар вақти бо интернет муаммо будан , тез ба ҷаҳл меояд, изтиробнок мегардад;
  • Дар вақти манъ кардани интернет ё телефон агрессивона муносибат мекунад, ба ҳолати депрессивӣ меафтад , “синдроми манъкунӣ”

Ба шабакаҳои иҷтимоӣ дода шудан ба нашъамандӣ монанд буда, давраи муоширатнокӣ, инкори иҷро намудани вазифаҳои ҳаррӯза, гум шудани шавқу нисбат ба ҳаёти ҳаррӯзи монанд аст.

Зарари ба гаджетҳо дода шудан дар чист?

 Бозиҳои шавқовар, видеотасвирҳо вобастагии дофаминиро ташаккул медиҳад.  Дофамин — нейромедиаторе, ки аз натиҷа эҳсосоти баландро бедор мекунад. ҳаминро бояд қайд намуд, ки маркази мағзи сар  (пӯстлохи тофронталӣ), ки барои қабули қарор , ба нақшагирӣ ва назорати рафтор ҷавоб медиҳад дар наврасон то синни 20- 22 солагӣ ташаккул меёбад.  

 Наврас кайфиятро бе ҳеҷ гуна ҷидду ҷаҳд аз сар мегузаронад. Дараҷаи маромнокӣ  гузориши мақсад ва ба даст овардани муваффақият хеле паст мегардад ва баъзан тамоман нест мешавад.

 Минтақаи шавқу рағбат раванди таҳлил, муҳокима, фаъолияти интеооектуалиро паст мекунад. дар натиҷа наврас мантҳоро хонда ва онро таҳлил карда наметавонад.

 Тарзи муошират намудан  ва ҳамкорӣ кардан бо одамони ҳақиқӣ торафт мушкилтар мегардад.

 Тавсияҳо:

 Бештар барои падару модарон  барои идора кардани наврасон смартфонро истифода мебаранд ва онро манъ мекунанд.  « Ман қаҳрам меояд, базӯр худдорӣ мекунам”- мегӯяд наврас.  “Агар дод гӯям, маро бадтар маҳрум месозанд. Ин чизи ман, бе он наметавонам”.

Набояд аз  гаджет тамоман маҳрум кард, ба ғайр аз ин барои наврас одами ганда мешавед. Дар вақти  аз дасти наврас гирифтани чизи ба ӯ азиз ба ивазаш ягон машғулиятро пешниҳод намудан зарур аст, вагарна наврас шӯриш мебардорад. Албатта бо наврас дар бораи зарари телефон ва оқибатҳои он сӯҳбат кардан лозим аст.

 Яке аз воситаҳои беҳтарин кам намудани вақти сарфи телефон буда, қоидаҳои аниқро ҳамроҳ коркард намуд. Мисол: ба интернет ворид шудан мумкин ба шарте, ки  вазифаҳои хонагӣ ба пуррагӣ иҷро карда шаванд.

 Ба ҷои наврасро бисёр сарзаниш намудан ,беҳтараш  вақтро муайян намуд.

 Ҳаминро бояд қайд намуд, ки рафтори калонсолон намунаи ибрат аст. агр калонсолон доимо вақти худро бо телефон гузаронанд, пас наврасро  дар бораи зарари телефон бовар кунонидан мушкил аст. Ҳамин хел шартҳоро гузоштан лозим ба монанди: дар вақти ҳама дар сари дастархон ҷамъ омадан телефонҳо бояд хомӯш бошанд ё  муаммоҳои кориро дар вақти корӣ иҷро кунанд ва ғ.

 Бештар бо наврас дар бораи машғулиятҳои шавқовар сӯҳбат кунем ва ҳамроҳ онро иҷро намоем, то муносибат ва ҳамкории мо наздик шавад.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X