Вайроншавии махсуси рафтор
Вайроншавии деструктивӣ рафтор дар давраи наврасӣ
Синдроми норасогии диққат ва гиперфаъолӣ яке аз вайроншавии солимии психикӣ дар давраи кӯдакӣ буда, он дар синни наврасӣ ва баркамолӣ давом меёбад. Бештар чунин вайроншавиро “номусоид” меҳисобиданд, вале таҳқиқотҳо нишон дод, ки нисбат ба кӯдакони солим бо тариқи муолиҷа онҳоро барқарор намудан мумкин аст. Бо воситаи муолиҷаҳои рафторӣ ва доруворӣ ин хел кӯдакон беҳтар мешаванд.
Ин хел кӯдакон бояд дар таҳти назорати табибон асабшиносон бошанд.
Дар синни наврасӣ истифодаи маводҳое, ки фаъолияти психикиро фаъол мегардонад хеле паҳн шудааст.
Истифодаи чунин маводҳои мадҳушкунанда ҳолати онҳоро дар аввал беҳтар мекунад ва онҳо побанди истифодаи чунин маводҳо мегарданд. Дар вақти муоина намудан ва ташхиси синдроми норасогии диққат ва гиперфаъолӣ (СНДГ) наврасон ба ҳолати депрессивӣ ва сустхонӣ эътибор бояд дод, зеро онҳо низ нишонаи норасогии диққат доранд. Дар натиҷаи нодуруст муолиҷа намудан ва ё истифодаи доруҳои психикӣ дар онҳо дигар намуди вайроншавии рафтор ба вуҷуд омаданаш аз эҳтимол дур нест.