г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Ташаккули шуурнокии ҳуқуқӣ ва масъулиятнокӣ  дар  рафторҳо. Худбаҳодиҳии рафтор

Ташаккули шуурнокии ҳуқуқӣ ва масъулиятнокӣ дар рафторҳо. Худбаҳодиҳии рафтор

Афсӯс, ки бештар  дар ҷамъият  масъулиятнокиро бо рафторҳо ва бори вазнин муқоиса мекунанд,  дар натиҷа инсонро ба ҳолатҳои мушкил оварда мерасонад. Мумкин , бисёрии калонсолон масъулиятнокии шахсиро бешуурона  бо масъулиятнокии маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқоиса мекунанд, аз ҳамин сабаб мафҳуми масъулиятнокӣ дар мо нофаҳмо аст. Дар синни наврасӣ барои ташаккул додани масъулиятнокӣ  нисбат ба рафтори худ онро бештар дастгирӣ намудан лозим аст,  то онҳо шавқманд шаванд  ва  бо суханҳои зерин  рӯҳбаланд намуд , ба монадӣ: “Масъулиятнокӣ – хусусияти шахсони  бузурганд”, “Барои рафторҳои худ масъулиятнок шудан хеле аҷоиб аст, зеро он тақдири инсонро муайян мекунад”. Танҳо дар натиҷаи  аз масъулиятнок шудан наврас қаноатманд гардад пас ӯ чунин масъулиятнокиро ба ӯҳдаи худ гирифтанро меомӯзад.

 Масъулиятнокӣ ин рафтори бошуурона аст.

Интихоби бошуурона барои амал муайян ё беҳаракатӣ.

 Ман аз мактаб рафтам, зеро кори зарур доштам.

На ин ки: Ман аз мактаб рафтам, зеро ҷураам маро фарёд кард.

Дарк намудани оқибати рафтори худ

 Ман дер  мондам,зеро бевақт аз хона баромадам

 На ин ки: Ман дер кардам, зеро мошин кам  буда,боз дер омад.

 Ба рафторҳои худ ҷавоб додан

Ман барои кори санҷишӣ баҳои “ду” гирифтам, ман тайёрӣ дида, ислоҳ мекунам.

На ин ки: Ман кори санҷиширо ба  баҳои“2”навиштам, хайр чӣ?

Дар вазъияти шуда, рафти амалҳои  на каси дигар, балки аз они худро фикр кунад.

 Бо рафиқам ҷанг кардам, зеро вақте, ки маро махсара карда, ҷаҳлам омад ва худдорӣ карда натавонистам.

На ин ки: ман бо рафиқам ҷанг кардам, зеро ӯ маро масхара карда, ҳамла намуд.

  “Масъулиятнокӣ” – ин рафтори бошуурона дар амалу рафтор мебошад. Ин муаммоҳои худро ба гардани шахси дигар, маҳкуми ӯ, худро ҷабрдида нишон додан набуда, балки ҳамчун шаси мустақил , натиҷаҳои рафтори худро дарк намудан аст.

 Яке аз вазифаҳои давраи наврасӣ ин қабули масъулиятнокӣ барои ҳаёти худ ва оқибатҳои рафтори худро дарк намудан мебошад.

 

   Тавсияҳо:

  Барои  иҷрои ҳамин вазифаҳо чӣ гуна бояд дастгирӣ намуд?

  1. Аз таҷрибаи худ мисолҳо овардан лозим.
  2. Бо чунин саволҳо муроҷиат кард “ ту чӣ фикр мекунӣ, чӣ мешавад, агар…?”
  3. Вазъияти шударо бояд муҳокима намуда, нишон дод, ки дар куҷо масъулиятнокии ӯ ва дар куҷо масъулиятнокии шахси дигар сар мешавад.

Дар синни наврасӣ кӯдакон худро калоншуда ҳис мекунанд, кӯшиш мекунанд кори ба худ маъқулро иҷро кунанд, қарори худро мебароранд, қоидаҳоро вайрон мекунанд.  Ваъиятҳо барои таҳлил намудан хеле бисёр аст.

 Мисол, чунин вазъият: аҳли синф ҳамроҳи муаллима ба тамошои филм мераванд. Ду мактаббача ҳамроҳи ҳамсинфон неву, балки худашон алоҳида мераванд.

 Ҳар дуи онҳо ба тамошои филм дер монданд ва муаллима чиптаи онҳоро ба хазина супорида, ҳамроҳи хонандагон ба тамошои филм даромаданд. Наврасони дер монда,дар кӯчаҳо сайру гашт карда, бегоҳ ба падару модарашон шикоят карданд, ки  чӣ гуна муаллимаи “бад” аст, ки чиптаҳои онҳоро супоридааст ва онҳо аз тамошои фим монданд.

Бисёр вақт падару модарон  фарзандони худро дастгирӣ намуда, дигаронро айбдор мекунанд. Ба ҷои ин якчанд савол дода, пурсидан лозим аст:

Ту чӣ кор кардӣ то ҳамин вазъият ба вуҷуд наояд?

  • Ҳамроҳи ҳама неву худамон рафтем;
  • Ба тамошо дер кардем;
  • Ба ҳамсинфон гуфтем, вале муаллимаро таъкид накардем , ки мо худамон алоҳида меравем.

Ту чӣ кор карданат лозим буд?

  • Бояд ҳамроҳи ҳамсинфон мерафтем;
  • Барвақтар рафта, ҳамсинфонро пешвоз мегирифтем;
  • Ба муаллима занг мезадем.

Дар вақти чунин амал намудан, яъне вазъиятро пурра фаҳмидан кӯдак таҷриба мегирад ва рафтори худро таҳлил намуда, қарори дуруст  ва масъулиятнокиро қабул мекунад.

 Агар мо фикри  “ муаллима айбдор”- ро дастгирӣ намоем, пас гунаҳкорро ёфта, масъулиятнокиро  аз каси дигар талаб менамоем.

 

             Тавсияҳо:

  • Тағйир дода натавонистани ҳолати ҷамъиятии наврас.
  • Вобастагии пурраи молиявии ӯ аз волидон.
  • Одати калонсол дар идора кардани кӯдак.

–    Дар наврас боқӣ мондани нишонаҳои кӯдакӣ.

      –   Мустақилии наврас

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X