г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Фаъолияти таълимии наврас, сабабҳои  сустхонӣ

Фаъолияти таълимии наврас, сабабҳои сустхонӣ

Дар синни наврасӣ фаъолияти таълимии наврас ранги дигар мегирад. На танҳо  омӯзиши фанҳо мураккаб мешавад, инчунин: зиёд шудани фанҳои таълимӣ , акнун ба ҷои як нафар, 5- 6 муаллимон дарс медиҳанд, ҳар яке талаботҳои худро дорад. 

 Акнун барои наврас методҳои таълими пештара дилбазан гашта, сиқ шуда, бефарқиятӣ зоҳир мекунад. дар ин синну сол ӯ кӯшиш мекунад  мазмуни маводи таълимиро аз худ намояд.

 Васеъ гаштани алоқаҳо бо муҳити гирду атроф, муошират бо ҳамсолон, шавқҳои шахсӣ ба фаъолияти таълимии наврас таъсири худро мерасонад. Муносибати бошуурона- мусбӣ нисбати хониш дар он вақт  ба вуҷуд меояд, агар таълим талаботҳои маърифатии наврасро қонеъ мекунад ва аз худ намудани дониш мазмуни дигар мегирад, зеро он барои ояндаи ҳаёти шахс ҳатмӣ аст. Дар пешрафти фаъолияти таълимии хонанда мавқеи омӯзгор хеле баланд аст, агар муносибати хонанда бо омӯзгор ранги дигар гирад он албатта ба хониши ӯ таъсири худро мерасонад. Наврас бештар нисбат ба номуваффақӣ, ноомадӣ хеле ҳассос аст, баъзан бо ғурури баланд барои нишон додани бефарқиятӣ, беэътиборӣ  ниқоб  ҳам мепӯшад. Чуноне, ки таҳқиқотҳо нишон доданд , дар ташаккули муносибати мусбӣ нисбати хониш мазмуни илмии маводи аълимӣ, алоқамандии он бо ҳаёт ва амал, тарзи  эмотсионалӣ дастрас намудани  мавод ба хонанда, ташкили ҷустуҷӯии фаъолияти маърифатӣ, ки ба хонанда имконият медиҳад вазифаро мустақилона тайёр намояд ва аз пешрафт ва муваффақияти  худ хурсанд гардад, вобаста аст. 

 Тараққиёти тафаккур.

 Дар раванди таълим тафаккури наврас  айён ташаккул меёбад.  Мазмун  ва мантиқи омӯзиши фанҳо дар мактаб, дигаргун шудани шакли таълим дар хонанда қобилияти фаъолона , мустақилона фикр намудан, муҳокима , муқоиса карда хулосаҳои чуқур карданро ташаккул медиҳад.

Хусусияти хоси фаъолияти фикрии наврас – қобилияти мантиқии ӯ  ташаккул меёбад.  Компоненти тафаккури мушаххаси- образӣ гум намешавад, балки мустаҳкам гашта, тараққӣ мекунад ва дар сохти умумии тафаккур роли асосиро мебозад. ( мисол, қобилияти мушаххас кардан , мазмуни мафҳумро  дар образҳо ва тасаввуротҳо кушода додан  тараққӣ мекунад).

Аҳамияти компоненти тафаккури мушаххаси- образӣ дар он аст, ки таъсироти ҳиссиётӣ беихтиёр ба калима таъсир мерасонад (матни китоб, нақли омӯзгор). Дар натиҷа муҳокимаи нобаробар ё васеъ намудани ин ё он мавҳум дида мешавад, ки ба таркиби он нишонаҳои бемазмуни тасодуфан дар расмҳои китобҳо, айёният , тасвирҳо дида буданд.

Тараққиёти мушоҳидакорӣ, хотир, диққат.  Раванди таълим  дар наврас қобилияти идроки мураккабӣ таҳлилӣ- таркибӣ  предмет ва ҳодисотро ба даст меорад. Идрок нақшавӣ, паиҳамӣ ва ҳаматарафа мегардад. Наврас акнун на танҳо  сатҳи ҳодисот, балки асосӣ онро дарк мекунад. набудани шавқ, бефарқиятӣ ба мавод бошад, пас хонанда бо  сатҳӣ ва соддагӣ дарки худ ба ҳайрат мегузорад. Наврас метавонад  бодиққат бинад ва гӯш кунад, вале идроки ӯ тасодуфӣ мебошад.

  Дар синни наврасӣ равандҳои хотир ва диққат комилон тағир меёбанд. Тараққиёт ба тариқи ҷидду ҷаҳд ва мақсаднокӣ мегузарад. Малакаи ташкил, назорат  ва идора кардани диққати худ ташаккул меёбад. Хотир ва диққат торафт характери раванди  ташкилӣ, идоракунӣ ва назораткуниро мегирад.

  Дар синни наврасӣ пешравии ҷиддӣ  дар раванди бахотиргирии  маводи калимагӣ ва абстрактӣ дида мешавад. Малакаи  ташкили кори фикрӣ барои дар хотир нигоҳ доштани маводҳои муайян, истифодаи  усулҳои махсус барои дар хотир нигоҳдорӣ нисбат ба кӯдакони синни хурди мактабӣ бештар ташаккул ёфтааст.

  Тараққиёти диққат бо ҳаммуқобилии якдигар фарқ карда меистад: дар синни наврасӣ диққати ихтиёрии мустаҳкам ташаккул меёбад , аз дигар тараф бошад таасуротҳои гуногун, азсаргузаронии изтиробнокӣ, фаъолнокии зиёд ва импулсивнокии наврасон ба диққати беихтиёрӣ ва тез ба ноустувории диққат оварда мерасонад. Наврас метавонад дар  (дарси дӯст надошта) диққатанро равона карда натавонад, вале дар  (дарси дӯстдошта) хеле бодиққат, тамоман перешон намешавад, худро идора карда метавонад.

  Яке аз усулҳои ташкили диққатнокии хонандагон  чунон бояд гузошт, ки дар ӯ на вақт, на хоҳиш, на имконияти дуру дораз диққаташро парешон карда бошад. Дарси шавқовар наврасро пурра фаро мегирад  ва ӯ бо шавқ диққатанро парешон накарда амал карда метавонад. Фаъолияти фаъоли маърифатӣ дарсро барои наврас шавқовар  карда, он барои бодиққаб будани ӯ имконият медиҳад.

 Чор сабаби сустхонии наврасро ҷудо мекунанд:

Сабабҳои психологӣ: хусусиятҳои  инкишофёфтаи равандҳои маърифатӣ ба монадӣ,  хусусиятҳои диққат у хотир, суръати дарккунӣ, дараҷаи тараққӣ накардаи нутқ, ташаккул наёфтаи шавқи маърифатӣ, набудани мароми таҳсил ва танг будани ҷаҳонбинии хонанда мебошад.

Сабабҳои физиологӣ:  суст будани саломатии умумӣ, бемории роҳи нафас, бемории асаб, имкониятҳои маҳдуд.

Сабабҳои иҷтимоӣ – оилавӣ: шароити номусоиди зиндагӣ, рафторҳои ғайри ҷамъиятии волидайн, паст будани шароити иқтисодии оила, беназоратӣ.

Сабабҳои педагогӣ: аз эътибори педагогӣ ақибмонда, ндуруст аз синф ба синф гузаронидан, сатҳи пасти дониш.

Дар синни наврасӣ барои расонидани ёрӣ дар пешрафти хониш аввал бояд муаммоҳои шахсии ӯро ҳал намуда, пас дар пешрафти хониш ёрӣ расонд.

 Яке аз сабабҳои асосии муносибаи номусоид нисбат ба хондан дар синни миёнаи мактабӣ ин кофӣ набудани мароми хониш мебошад, яъне  ба хондан хоҳишнадорад.

 Таҳқиқотҳои нишон доданд, ки сабаби сустхониро наврасон дар худ мебинанд( “ба хотир гирифта наметавонам”, “фикр карда наметавонам”, “ба хушам намеояд”, “ба ман маъқул нест”). Дигар сабабро наврасон дар мураккабии барномаҳои таълимӣ фанҳои алоҳида мебинанд.

Тавсияҳо:

– Расонидани ёрӣ ва дастгирии психологӣ ба кӯдакон аз тарафи падару модарон  ва муаллимон.

– Ташаккули  пешрафти хониши хонанда

–  Баҳогузорӣ ба рафтори хонанда

–  Омӯхтани психологияи кӯдакон барои таъмин намудани муносибати инфиродӣ дар давраи таълим;

– Омӯхтани тарзи гузаронидани дарсҳои  омӯзгорон

–  Назорат ва таҳлил намудани пешрафти  ақлии  кӯдакон

– Гузаронидани дарсҳои иловагӣ

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X