Ташаккулёби шахсият дар синни наврасӣ. Дигаргунии марказии синни наврасӣ
Хусусиятҳои психологии синни наврасиро (СН) “комплекси наврасӣ”меноманд. Яке аз омилҳои худшуурнокии шахсият равонагии – иҷтимоӣ мебошад, ки маҳз дар СН ба вуҷуд меояд. Яке аз хусусиятҳои ҳамин синну сол дар он аст, ки наврас аввал ба камбудӣ, норасогиҳои худ аҳамият медиҳад ва барои бартараф намудани он талабот зоҳир мекунад, пас ба комёбиҳои худ рӯ меоварад. Диққати муҳим дар мурури СН тӯл мекашад. Дар СН тасаввурот дар бораи худ чуқуртар мегардад. Дар бисёр наврасон худбаҳодиҳии якчанд сифатҳо баладтар мебошад. Бештар дар асоси ҳамин дар тасаввуроти наврас муносибати дигарон нисбати ӯ дигаргун мешавад., мисол, муаллимон, падару модарон. Дар навбати худ шояд калонсолн дар ҳамин синну сол бо сабабҳои гуногун сифатҳои шахсии наврасро қадр намекунанд ва ё эътибор намедиҳанд. Дар натиҷа дар наврас комплекси хусусиятҳои махсус ташаккул меёбад, ба монандӣ: қаҳрӣ намудан, шубҳа, нобоварӣ, баъзан агрессивӣ ва бисёр вақт ҳассияти баланд ба ҳар гуна баҳодиҳӣ мебошад.
Мушкилии асосии СН бо “бӯҳрони синни 13”-гӣ бо шикасти сохти психологии пештара ба тарки дағалӣ, мушкилии наврас алоқаманд аст.
Симптомҳои бӯҳрони синни 13 солагӣ.
- Паст шудани маҳсулнокӣ ва қобилияти фаъолияти таълимӣ паст мегардад
- Якравӣ. Кӯдак аз муҳит ҷудо шунад мехоҳад, ҳиссиёти душманӣ дорад, майл ба ҷангу ҷангҷолӣ, вайронкунии интизом. Баробари ин нооромии ботинӣ, норозигӣ, ҳисси танҳогиро ҳис мекунад
Дигаргунии марказӣ дар шахсияти наврас тасаввурот дар бораи худ буда, ӯ худро ҳамчун кӯдак неву балки баркамол калоншуда ҳис мекунад, кӯшиши онро дорад, ки ба ӯ ҳамчун калон муносибат кунанд.