Иҷтимоишавии гендерӣ дар синни наврасӣ
Иҷтимоишавии гендерӣ ба он равона карда шудааст, ки чӣ гуна духтарон ва писаракон ба калонсолӣ мубаддал шуда, вобаста ба ҷинсашон азхуд намудани меъёрҳо ва қоидаҳо ва рафторашонро намоиш медиҳанд. (идентификатсия ҷинсӣ).
Иҷтимоишавии гендерӣ бо ёрии механизмҳои: таасубкунӣ, тақинкунӣ, боваркунонӣ, муқоисакунӣ, конформнокӣ ба вуҷуд меояд. Дар синни наврасӣ иҷтимоишавии гендерӣ дар намуди умумии тасаввуроти стеретипи мардонагӣ (ҷасур, фаъол) ва занонаи ( нозук, мулоим, эмотсионалӣ) дарк карда мешавад.
Стенли Холл муайян мекунад, ки синни наврасӣ ҳамчун дараҷаи мустақилиятнокии психикӣ ва шахсии тараққиёти инсоният аст. Дар ин синну сол дараҷаи роли: “Ман”- писар/ духтар, инсон, шаҳрванд ва тасаввурот нисбати худ дорад. дастурҳои иҷтимоӣ асоси ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии шахс мебошад.
Навоварии марказии шахсият ин “Ҳисси калоншавӣ” ва “Консепсияи- Ман” мебошад. Он бо кӯшишҳои пешравии шахсият ба монандӣ: (худдаркунӣ, худтакмилдиҳӣ, худтасдиқкунӣ) алоқаманд аст.
Хусусияти хоси ин синну бо раванди балоғатрасӣ, яъне ҷинсан инкишоф ёфтани наврасон алоқаманд аст. Аввалин бӯҳрон дар синни (11- 15) солагӣ дида мешавад. Он дар наврас дигаргуниҳои ҷисмонӣ ва физиологӣ ( гармонҳои қадкашӣ ва ҷинсӣ) мебошад.
Тавсияҳо:
Тарбия ва ташаккули наврас, хусусият, характер, шаклгирии наврас дар оила, муҳиту атроф, ҳамсолони наврас, муаллимон, ба таълимдиҳандагони шахс вобастагии калон дорад.
Вале бо вуҷуди ин, назорати наврас бояд дар заминаи чорчӯбаи муайяни боинтизом ва бошуурона ташкил карда шавад ба мақсад мувофиқ меояд. Аммо калонҳо набояд фаромӯш кунанд, ки назорат ва роҳбарӣ ба синну соли наврасӣ хеле зарур аст. Муҳим он аст, ки хусусиятҳои психологии синну солиро ба инобат гирад. Ба ин хусусиятҳо мо дар боло якчандбор қайд карда гузашта будем. Аз тарафи калонсолон чорчӯбаи муайянкардашуда набояд сабаби дилгиршавӣ ва асабонияти наврас шавад, ба шахсияти ӯ расад, фаъолияти мустақилонаи ӯро манъ кунад.
Фармондиҳиҳо, талабҳои қатъи, муносибати дағалона ба шахсияти наврас мерасад ва наврас аз мейёри тартибот мегузарад, дар натиҷа нофаҳмиҳои зиёде ба вуҷуд меояд.