Дӯстӣ дар синни наврасӣ
Новобаста аз хусусиятҳои инфиродӣ ва тараққиёти махсус ҳар як наврас аз муошират бо коллективи ҳамсолон бархурдор мегардад ва он барои ӯ зарурӣ ва аҳамиятнок аст. аммо интихоби дӯст барои муоширати шахсӣ доимо инфиродӣ аст.
Дӯсти қарин барои наврас хеле зарур аст. Ҷустуҷӯи дӯст низ вақти асосии ҳаёти ӯро дарбар мегирад. Дар интихоби дӯст наврас рафтор кирдор ва муносибатиро мушоҳида намуда, таҳлил мекунад, дар дӯстӣ таҷрибаи ҳаётӣ ва арзишҳои ӯ ташаккул меёбад, ба монандӣ: иззату эҳтиром нисбати одамон, борикбин шудан, диққатнокӣ, меҳрубонӣ, коллективизм, дар вақти мушкилӣ дастгирӣ намудан ва ғ.
Муносибати наврас нисбат ба рафиқ ё дӯсташ то рафт ҷиддитар мегардад: ӯро акнун танҳо ҳамроҳ гаштан, бозӣ кардан, хондан , шавқи умумӣ доштан қаноатманд намекунад. Ӯ акнун нисбати дӯсти худ талаботҳои баланди ҷиддӣ дорад. агар бо забони наврас маънидод кунем: “Дӯстам маро фаҳмад, ҳамдардӣ намояд, ба ғайр аз ин як қисми ман ҳам бошад”. Дӯст барои наврасон чун образи мушаххасе мебошад, ки ба рафтори худ талаботҳоро муайян мекунад. Бисёр вақт наврас дар ҷустуҷӯи оӣрази дӯст мегардад, ки барои ӯ наздик бошад.
Дар дӯстӣ наврасон ташаккул меёбанд, идеали худро дарёфт мекунанд, зеро дар ин синну сол наврас аллакай дӯстони худро муқоиса мекунад ва ба он таасуб низ мекунанд. Баъзан идеалҳои наврасон қаҳрамонони асарҳо, шахсони таърихӣ, актерон, сарояндагон шуда метавонанд. Ин идеалҳо барои наврасон пайроҳае мебошад, ки онҳо бо он ҳаёти худро месозанд.
Дӯстӣ барои наврасон ҳодисоти шахсӣ буда , як қисми дунёи маънавии онҳоро ташкил мекунад. Он аз тарбиятгарон диққати махсусро талаб мекунад. Чунин қисмҳои шахсиро муносибати байни духтарон ва писарон низ ташкил медиҳад.
Акнун чунин хулоса мебарорем, ки хусусиятҳои махсуси синни наврасӣ бо ташаккулёбии дараҷаи нави худтасдиқкунӣ алоқаманд аст. Наврас шахсияти худ , имконият, муваффақият, нокомёбӣ, муносибат бо дӯстон ва калонсолонро донистан мехоҳад. Он мушкилиҳое, ки наврас аз сар мегузаронад дар ташаккулёбии шахсияти ӯ таъсири худро мерасонад: яке ба худ боварӣ намекунад, хеле маъюс мегардад, дигаре тез ба шароит мутобиқ мешавад, дигаре бо ҳамсолони худ забон наёфта дамдузд гашта, муоширатро берун аз мактаб ё синф ҷустуҷӯ мекунад. Новобаста ба ин бисёрии наврасон аз мушкилиҳои пешомада бо муваффақият мегузаранд, тараққӣ мекунанд ва ба муваффақиятҳо соҳиб мегарданд. Сарчашмаи ин дасгириҳо калонсолон мебошанд.
Тавсияҳо:
– Ба дӯсти ҳақиқӣ шудан ҳисси боваринокӣ, садоқат, муттасилӣ, кушодарӯӣ, дар ҳама ҳолат бо ҳам будан лозим аст.
– Ошкорбаёнӣ, боварии тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ, бодиққатӣ ва ҳозирҷавобӣ ба дӯсти ҳақиқӣ зарур аст.
– Мувофиқатии шавқу ҳавасҳо, фаъолияти якҷоя ва мақсаду саъю кӯшишҳои ягона.
– Риояи ёрии байниҳамӣ ва омодагии ӯ барои дастгирии ҳамдигарӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани душвориҳо.