г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Вайроншавии психикӣ дар наврасон. Сабаб ва нишонаҳои он.

Вайроншавии психикӣ дар наврасон. Сабаб ва нишонаҳои он.

Дар вақти калоншавӣ кӯдак ба ҳар гуна муаммоҳо дучор мегардад, ки дар байни он стресси наврасӣ хеле паҳн гаштааст.Маҳз  стресс дар синни наврасӣ  сабаби  ба бемориҳои психикӣ гирифтор шудани онҳо мегардад. Агар дар синни наврасӣ онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд.

   Агар дар рафтори  наврас дигаргуниҳои куллӣ дида шавад – ӯ хоббии худро иваз карда, агар  аз кори дӯстдоштааш худро дур кунад, пас маълум аст, ки ӯ  ба муаммо дучор шудааст.

  На бояд  дар ҳамин вақт ба наврас фишор наоварда , баракс ба машварти психолог  муроҷиат намуд, то вайроншавӣ ва симптомҳои онро муайян намуда, ба наврас ёрӣ расонид, ки ӯ чунин давраи мушкилро бартараф намуда тавонад.

Нишонаҳои вайроншавии психикӣ дар наврасон

  Маҳз дар синни наврасӣ бисёр бемориҳои психикӣ ба ташаккулёбӣ шурӯъ мекунанд, ки дар байни онҳо  психозҳои гуногунро дидан мумкин аст.

 Нишонаҳои чунин вайроншавиҳо чунин симптомҳо доранд:

  • Дар наврас шавқиҳои нав пайдо шудааст, ки ӯ вақти худро бисёр мегузаронад, вале он натиҷа надорад;
  • Аз шавқу амалҳои худ,тез даст кашид;
  • Дар хониш ҳам суст шуд, гарчанде пештар хуб мехонд;
  • Нисбати пештара шавқҳои худ, ки бештар машғул мешуд, бефарқиятӣ зоҳир намуд.

Вале ин симптомҳо 100% бемориро муайян намекунад. Шояд ҳамин тариқ аксентуатсияи характер ташаккудл ёфта истода бошад, дар бораи он алоҳида мавзӯъ дорем.

 

Сиптомҳо

Симптомҳои вайроншавии психикӣ дар  навраси 12- 18 сола чунин хусусиятҳо дорад:

  • Тез ивазшавии табъ, агоессивнокӣ, мухолифатнокӣ бо падару модарон, муаллимон, дигар кӯдакон,импулсивнокӣ, изтиробнокӣ, зид баромадан;
  • Ноҳурматӣ нисбати калонсолон;
  • Худтанқидкунии аз ҳад зиёд, ё худбоварии аз ҳад зиёд;
  • Нисбат ба эрод, насиҳати калонсолон реаксияи таркишӣ зоҳир мекунад;
  • Шарм медорад ба ғайр аз ин хеле дар изтироб аст;
  • Қоидаҳои қабулшударо риоя намекунад;
  • Шизоидӣ;
  • Аз ягон ғамхорӣ даст мекашад.

Агар дар рафторҳои наврас яке аз ҳамин нишонаҳо дида шавад,хавотир шудан лозим нест, танҳо бо ӯ самимона сӯҳбат кардан лозим аст.

 Дар ҳолати якчанд намуди нишоҳаҳо зоҳир шудан пас ба табибон муроҷиат кардан лозим аст.

 Тавсияҳо:

Барои  гузаронидани машварат бештари падару модарон хоҳиш надорад  ва гумон мекунанд, ки бо ин рафтор муносибати байни онҳо вайрон мешавад.

 Дар асл бошад ба психолог муроҷиат кардан зарур аст. Ҳоло бисёр психологҳо махфӣ фаъолият мебаранд , яъне ягон нафаре  дар мактаб намефаҳманд, ки ӯ ба психолог муроҷиат намудааст, хонанда ҳатто номашро ҳам намегӯяд. Психолог ёрӣ мерасонад, то наврас дар кадом ҳолат аст, муайян намояд ва тавсияҳо пешниҳод кунад.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X