г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Аз хона гурехтани наврасон

Аз хона гурехтани наврасон

Бештар аз хона гурехтани наврасон дар синну соли 10- 13 солагӣ дида мешавад. Сабаби асосии чунин рафтор кардани наврасон ин аз тарафи калонсолон ғамхорӣ накардан, сарзанишҳо ва ҷазо ба рафторҳои ночиз мебошад.

Яке аз заминаҳои асосии аз хона гурехтан ин номусоидии оила, шарм доштан аз рафторҳои волидайн ва дар навбати худ падару модарон ба мушкилиҳои наврас хунукназарона муносибат мекунанд. Ин мушкилиҳо бо  пешрафти хониш, муносибати номусоид  аз тарафи ҳамсолон, баҳои манфӣ додан ба наврас аз тарафи муаллимон мебошад. Барои аз ҳамин вазъиятҳо баромадан наврас дар синф ба рафторҳои бад ахлоқона дода мешавад, ки дар натиҷа ӯро ба қайди кӯдакони “мушкил” гирифта, муносибати наврас бо муаллимон тамоман вайрон мешавад. Ҳамин тариқ , мавқеи хонанда ҳам дар синф ва ҳам дар мактаб коҳиш меёбад.

 Яке аз воситаи бартараф намудани чунин вазъият ин расонидани ёрии падару модарон мебошад. Онҳо бояд ҳаматарафа он ҳодисаҳое, ки дар иҳотаи наврас дар мактаб ва дар гурӯҳҳои ғайриформалӣ ба вуҷуд меояд ҳаматарафа омӯзанд (дар гурӯҳҳое, ки наврас бештар вақти худро мегузаронад).

Агар падару модарон бинанд, ки наврас мушкилӣ мекашад албатта ӯро тарафдорӣ карда, дастгирӣ намудан лозим аст. Наврас ҳис кунад, ки ӯ танҳо нест, дӯсташ медоранд ва мефаҳманд, ҳамдардӣ намуда, барои ёрӣ расондан тайёранд.

Дар вақти муаммо дар таълим будан, боварии наврасро дар қобилиятҳои ӯ дастгирӣ  намудан лозим аст.

 Баробари он кӯшиш  кард, ки бо муаллимон, психологи мактаб ва ҳамсинфон наздик ва тифоқ шаванд.

 Аз хона гурехтани наврасон дар таҳти таъсироти дӯстон , агар дар байни онҳо кӯчагардон бошанд таасуб мекунад. Дар ин вазъият чунин тарзи ҳаёти наврасонро ба таҳти назорат гирифта, дар оила, коллективи ҳамсинфон буданро шавқовар кардан лозим, ки ба он ҳар гуна сексияҳо мисол шуда метавонанд.

 Наврасон дар тарзи тарбияи авторетарӣ аз хона гурехтанашон мумкин аст. Ба ин боз ҳамроҳ шуда метавонад,хоҳиши наврас ба сайру гашт. Ҳаминро бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки аз хона гурехтани наврасон бо реаксияҳои манфии эмотсионалӣ ва шароити ба онҳо номусоид алоқаманд аст. Барои ҳамин ба ҳиссиёт дода нашуда, баракс  роҳи созишро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

Тавсияҳо:    Пешгирии гуреза нашудани наврасон  

        Падару модар нисбати фарзандоне, ки ба гурезагӣ майл доранд, нишонаҳои онро мушоҳида намоянд, аз эҳтимол дур нест, ки наврас барои гурехтан тайёрӣ диданӣ бошад . Акнун якчанд нишонаҳои имконияти гуреза шудани наврасонро дида мебароем:

  • Наврас бештари вақташро дар кӯча мегузаронад;
  • Наврас беихтиёр барои ҷамъ кардани пул шурӯъ мекунад ва сабаби онро маънидод карда наметавонад;
  • Сӯҳбатҳои “махфӣ” тариқи телефон зиёд мешавад, смс, вохӯриҳо, ки онро маънидод карда наметавонад;
  • Кӯшиши вақти худро дар наздикӣ ҷудо намудан;
  • Ба ояндаи наздик нақшаи худро дигаргун намудан.

Ҳамин нишонаҳо имконияти онро дорад, ки наврас барои аз хона гурехтан тайёрӣ мебинад, барои ҳамин ҳам кӯшиш кардан лозим бо ӯ самимӣ дар бораи  хавотирии калонсолон ва дар ҳаёти наврас чӣ дигаргуниҳо шуда истодааст сӯҳбат намуд. Кӯшиш кардан лозим то муносибат боваринок бошад. На бояд дар вақти сӯҳбат чунин ибораҳори истифода бурд, ба монандӣ: “Ту дар ин хона зиндагӣ мекунӣ….”, “Дар хонаи мо ин хел ҳодисаҳо набояд шавад…..”, “Вақте, ки мустақилона зиндагӣ мекунӣ, баъд чӣ коре, ки кунӣ”.

  Чунин ибораҳо муҳити берун аз хона хеле хуб метобад. Дар баъзи ҳолатҳо наврасон аз рӯи гуфтаи калонсолон амал мекунанд, то онҳо аз суханони худ пушаймон шаванд. Ҳеҷ гоҳ назоратиро аз даст надода : “ Рав аз хона баромада рав, ба ман фарқ надорад” нагӯед.  Чунин суханҳо ба онҳо хеле таъсири калон мерасонад.

 Агар наврас майли аз хона рафтани худро изҳор намояд, онро ҷиддӣ бояд қабул намуд, зеро шояд он дарди руҳӣ бошад, барои ӯ диққат намерасад, ба  ғамхорӣ, меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтиром ниёз дорад. Агар чунин таҳдидҳо шавад, калонсолон нишон диҳанд, ки ӯро дӯст медоранд, барои онҳо наврас азиз аст ва намехоҳанд, ки ӯ аз хона равад.

 

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X